Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Картер: Русия ва ДИИШ дар авлавияти Пентагонанд


Эштон Картер

Эштон Картер

Вазири дифоъи Амрико Эштон Картер рӯзи 2 феврал изҳор намуд, ки Пентагон барои сармоягузории фаъолияти худ дар ҳаҷми 582 миллиарду 700 миллион доллар барои соли оянда талош хоҳад кард.

Ба гуфтаи ӯ, Пентагон дар робита ба вазъи нави стратегӣ, яъне афзоиши хушунат аз сӯи Русия ва гурӯҳи “Давлати исломӣ”, (ДИИШ) авлавияти хароҷоти худро тағйир медиҳад.

Эштон Картер дар суханронӣ дар клуби иқтисодӣ дар Вошингтон изҳор намуд, ки дархости вазорати дифоъ дар пояи созиши соли гузашта бо Конгресс дар бораи буҷаи давлатӣ таҳия шудааст ва аммо дар он рӯи панҷ мушкили бузурги низомиёни амрикоӣ – Русия, Чин, Кореяи Шимолӣ, Эрон ва гурӯҳи “Давлати исломӣ” тамаркӯз шудааст.

Вазири дифои ИМА афзуд, ки вазъи феълии амниятӣ аз он чӣ, ки Амрико тайи 25 соли ахир сару кор дошт, куллан фарқ мекунад ва ҷустуҷӯи роҳҳои нави фикру амалро тақозо дорад.

XS
SM
MD
LG