Пайвандҳои дастрасӣ

Исроил ба намози якҷояи занону мардон иҷоза дод


Ҳукумати Исроил ба ибодати якҷояи занону мардон дар назди Девори нудба, ки ба ҳайси қиблаи яҳудиҳо хидмат мекунад, иҷоза дод ва ба бистсолаи баҳси мухолифону ҷонибдорононаш хотима бахшид.

Аз ин ба баъд мардону занони яҳудӣ имкон хоҳанд дошт, ки дар назди девори нудба канори ҳам ибодат кунанд. Баҳс рӯи дар бораи ин масъала бист сол боз идома дошт ва билохира рӯзи 31 январ ҳукумати Исроил ба ташкили ҷои муштараки ибодат дар назди девори ғарбии Байтулмуқаддас иҷозат дод. Ҳоло мардон ва занони яҳудӣ ҷудо аз якдигар намоз мегузоранд.

Девори нудба - муқаддастарин ҷойи ибодати яҳудиён дар қисмати таърихии Байтулмуқаддас - барои баъзеҳо рамзи нобаробарии мардону занон мебошад. Ҳоло занон дар як бахш ва мардони яҳудӣ дар бахши дигари ин гӯшаи қадимии Байтулмуқаддас ибодат мекунанд. Пайравони ҷараёни либералии дини яҳудӣ бо номи “Занони девор” беш аз бист сол боз барои баробарии ибодати зану мард дар назди ин девор талош варзидаанд.

Ҷамоаҳои муҳофизакори ашаддӣ, ки ин бахши девори нудбаро назорат мекунанд, қотеъона мухолифи роҳ додани занон ба ибодат дар ҷойи муқаддас ҳастанд.

Рӯзи якшанбеи 31 январ ҳукумати Исроил бо қабули як қарор лоиҳаи ташкили ҷойи муштараки ибодат барои мардону занони яҳудиро тасдиқ кард. Нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳу эътирозҳои ҳизбҳои муҳофизакорро нодида гирифт: “Ин макон бояд мардуми Исроилро муттаҳид кунад. Медонам, ки ин масъала хеле нозук аст. Вале фикр мекунам, ки қарори дуруст қабул шудааст. Масъалаҳои печида бояд ба ҳамин шакл ҳал шаванд. Шуморо бо ҳалли ин мушкил табрик мекунам.”

Аъзои муҳофизакорони ҳукумати Исроил мухолифи ин қарор буданд, вале ба қавли онҳо пешниҳодҳои дигар аз ин бадтар буданд.

Ба зудӣ дар девори нудба бахши сеюм пайдо мешавад. Ҳоло дар он ҷо ҳафриёти бостоншиносон боқимондаҳои даврони ҳукми империяи романиро таҳқиқ дорад.

Девори нудба ба бовари яҳудиён охирин боқимондаи ҳайкали Сулаймон ва маркази дуову манбаи илҳом барои яҳудиён дар Исроил ва саросари дунёст. Мусулмонон онро Девори Буроқ номида, бовар доранд, ки дар шаби меъроҷ паёмбари Ислом маркаби худро дар он ҷо баста буд.

Яҳудиёни ҷаҳон дар намози ҳаррӯзаашон Девори нудбаро ҳамчун қибла истифода мебаранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG