Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бах: Зика садди роҳи Олимпиада намешавад


Томас Бах
Томас Бах

Томас Бах, раиси Кумитаи байнулмилалии олимпӣ изҳори умедворӣ кард, ки бо вуҷуди ба таври бесобиқа паҳш шудани вараҷаи Зика, ҳама варзишгарони маъруфи олам дар Бозиҳои олимпии тобистона дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия ширкат хоҳанд кард.

Ба гуфтаи ӯ, Созмони ҷаҳонии беҳдошт ҳамроҳ бо мақомоти Бразилия ва созмондиҳандагони Бозиҳои олимпӣ варзишгаронро барои ширкат дар Олимпиада мутмаин хоҳанд кард. Бозиҳои олимпии тобистона дар Рио-де-Жанейро моҳи августи соли равон баргузор хоҳанд шуд.

Аз ин пеш Жакис Вагнер, раиси дафтари раисиҷумҳури Бразилия, низ изҳори итминон кард, паҳншавии вирусе, ки боиси вараҷаи Зика мешавад, мунҷар ба лағви Бозиҳои олимпӣ нахоҳад шуд. Ӯ таъкид кард, ки ин маризӣ, қабл аз ҳама, барои занони ҳомила хатар дорад.

Созмони ҷаҳонии беҳдошт паҳншавии вараҷаи Зика дар Амрикои Ҷанубӣ ва Шимолиро “вазъи фавқулодда барои тибби ҷаҳонӣ” эълон кард.

Моҳи ноябри соли гузашта вазорати ҳифзи сиҳати Бразилия тайид намуд, мубталоӣ ба вараҷаи Зика ҳангоми ҳомиладорӣ боиси он мешавад, ки кӯдакон бо ҳаҷми хурди косахонаи сар ба дунё меоянд ва ин боиси маризиҳои зиёд, аз ҷумла, камақлӣ, заъифии чашму гӯш мегардад. Маризӣ тавассути магасҳо паҳн мешавад.

Айни ҳол вараҷаи Зика дар 22 минтақаи Бразилия сабт шудааст.

XS
SM
MD
LG