Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иштироки муштзанҳои тоҷик дар сабқати байналмилалӣ дар Бишкек


Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии бокс дар Бишкек ширкат меварзанд.

Дар мусобиқаи байналмилалии бокс ба хотираи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Дуйшенқул Шопоков, ки аз 3 то 7 феврал дар пойтахти Қирғизистон - Бишкек - баргузор мешавад, варзишгарони дувоздаҳ кишвар – Алҷазоир, Ироқ, Имороти Муттаҳидаи Араб, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Озарбойҷон, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбакистон ва Чин - ширкат хоҳанд кард.

Мусобиқа аз рӯи даҳ вазн байни варзишгарони соли таваллудашон 1997 ва аз он боло, ки ҳадди ақал унвони номзад ба устоди варзишро доранд, сурат мегирад.

Мирзо Шамсиев, сармураббии дастаи мунтахаби бокси Тоҷикистон, рӯзи 2 феврал ба “Озодӣ” гуфт, “дар ин мусобиқаи анъанавӣ, ки барои бори чилум сурат мегирад, Тоҷикистонро муштзанҳои ҷавони тоҷик, ба мисли Бахтовар Сагизов (52 кг), Баҳодур Усмонов (56 кг), Сулаймон Нодиров (+91 кг) ва дигарон намояндагӣ мекунанд. Ба ҳайати варзишии Тоҷикистон, инчунин, мураббӣ Рустам Музаффаров ва доварон Абдурашид Мамадҷонов ва Акмал Абдуллоев дохиланд.”

Рӯзҳои 3-5 феврал қувваозмоиҳои пешакӣ баргузор мешаванд. 6 феврал қувваозмоиҳои ниманиҳоӣ ва 7 феврал қувваозмоиҳои ниҳоӣ доир хоҳанд шуд.

“Ин мусобиқа барои муштзанҳои тоҷик пеш аз мусобиқоти литсензионӣ барои ба даст овардани роҳхатҳо ба Бозиҳои олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия, ки аз 23 март то 3 апрел дар шаҳри Киняни Чин барпо мегардад, як давраи омодагӣ маҳсуб мешавад”, - иброз дошт Мирзо Шамсиев.

XS
SM
MD
LG