Пайвандҳои дастрасӣ

Canal+ хоҳиши Киевро сарфи назар кард


Миллатгароҳои "Правий сектор"

Миллатгароҳои "Правий сектор"

Шабакаи телевизиониии фаронсавии Canal+ хоҳиши Украинаро сарфи назар кард ва рӯзи 2 феврал филми мустанади таҳиягар Пол Морейро дар бораи ҳаводиси Майдони Киевро намоиш дод.

Аз ин пеш сафорати Украина дар Порис аз ин шабакаи телевизионӣ хоста буд, ки филмро намоиш надиҳад, зеро ба гуфтаи дипломатҳои украинӣ, муаллифон онро дар рӯҳияи тарғиботи Русия навор гирифтаанд.

Муаллифон ба натиҷае расидаанд, ки солҳои 2013 ва 2014 дар ҷараёни эътирозҳои мардумӣ ва заифии сохторҳои давлатии Украина гурӯҳҳои миллатгаро вазъро ба нафъи худ истифода карданд ва иродаи худро болои мақомот таҳмил намуданд.

Дар ин филм ҳамчунин масъулияти ҳаводиси Одесса рӯзи 2 майи соли 2014 бар дӯши миллатгароҳо вогузошта шудааст. Ҳангоми оташ задани Кохи Иттиҳодияҳои синфӣ дар ин шаҳр 48 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 200 ҷонибдори федераликунонии Украина маҷрӯҳ шуда буданд.

Муаллифон таъкид кардаанд, ки ин гуна ҳодисаҳо ба мубориза барои демократия ҳеҷ умумият надоранд.

XS
SM
MD
LG