Пайвандҳои дастрасӣ

Овоздиҳии муқаддамотии Ҳизби ҷумҳурихоҳон дар аёлати Айова рӯзи 1 феврал бо пирӯзии Тэд Круз поён ёфт – ӯ ба дарёфти 28 дар сади раъйҳо муваффақ шуд. Ба Доналд Трамп 24 дар сад ва ба Марко Рубио 23 дар сад овоз доданд. Номзадҳои Ҳизби демократ Ҳилларӣ Клинтон ва Бернӣ Сандерс дар овоздиҳӣ дар Айова тақрибан раъйҳои баробар гирифтанд.

Ситоди интихоботии Трамп рӯи раъйҳои онҳое тамарркӯз кард, ки аз ин пеш боре ҳам дар интихоботи муқаддамотӣ овод надода буданд, зеро ба дарёфти раъйҳои интихобкунандагони дигар мутмаин буд. Аммо бо вуҷуди ҳузури рекордии интихоботкунандагони ҷонибдори Ҳизби ҷумҳурихоҳон ба пирӯзӣ муваффақ нашуд.

Бар пояи раъйдиҳӣ дар Айова боз як ҷумҳурихоҳ, волии собиқи Арканзас Майк Хакабӣ аз идомаи сабқат канор рафт.

Раъйдиҳӣ ё праймеризи навбатӣ баъд аз ҳашт рӯз дар аёлати Ҳампшир баргузор мешавад. Бар пояи назарпурсиҳо, дар ин аёлат Доналд Трамп пешсаф аст.

XS
SM
MD
LG