Пайвандҳои дастрасӣ

Вазорат: Имсол буҳрон ба авҷи худ хоҳад расид


Дар соли 2016 буҳрон дар Тоҷикистон ба авҷи худ хоҳад расид ва ҳукумати Тоҷикистон барномаи зиддибуҳронии худро, ки дар соли 2015 қабул карда буд, тамдид кардааст. Тибқи ин санад харидани мошинҳои хизматӣ, мебел ва дигар ашё барои идораҳои буҷавӣ манъ шудааст.

Ҷамшед Каримзода, муовини вазири молияи Тоҷикистон, рӯзи 2 феврал дар нишасти хабарӣ гуфт, дар соли гузашта барои норасоӣ дар буҷаи давлат ҳудуди 200 миллион сомонӣ нақшаи даромад кам карда шудааст. Дар соли 2016 барои ислоҳи вазъи буҷа аз Иттиҳоди Аврупо 6 миллион евро ва аз Бонки Осиёии Рушд 60 миллион доллар барои пур кардани буҷа дарёфт карда шудааст.

Ҷамшед Каримзода ҳамчунин иттилоъ дод, ки қарзи Узбакистон, ки ба 105,6 миллион доллар баробар буд, пурра пардохта шудааст.

XS
SM
MD
LG