Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ноиби вазири дифои Русия ба Тоҷикистон меояд


Анатолий Антонов, муовини вазири дифои Русия шоми имрӯз, сешанбеи 2 феврал вориди Душанбе, пойтахти Тоҷикистон мешавад.

Дафтари матбуоти вазорати дифои Тоҷикистон зимни тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки “Анатолий Антонов, муовини вазири дифои Русия бо сафари кории дурӯза вориди Тоҷикистон хоҳад шуд”.

Ба гуфтаи ин манбаъ “ин сафар дар чорчуби ҳамкориҳои дуҷонибаи низомӣ ва низомӣ – фаннӣ миёни Тоҷикистон ва Русия сурат мегирад, ки баррасии вазъ ва дурнамои равобиту ҳамкориҳо баёни ду шарики стратегӣ ва мубориза бо тероризм ва ифротгароӣ,дар меҳвари дидору гуфтугуҳои Анатолий Антонов, муовини вазири дифои Русия бо мақомоти Тоҷикистон аст”.

Ба ин тартиб қарор аст, фардо чоршанбеи 3 феврал, Анатолий Антонов, бо Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон ва дигар мақомҳои низомии Тоҷикистон дидору гуфтугӯ кунад.

Эҳтимол меравад, ҷаноби Антоновро Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон низ ба ҳузур пазирад. Ҳамчунин, гуфта мешавад, муовини вазири дифои Русия аз пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон дидан хоҳад кард.

Анатолий Антонов, аз ҷумлаи мақомҳои низомии Русия аст, ки дар гузашта низ ба Тоҷикистон сафарҳо кардааст.

Охирон сафари ҷаноби Антонов охирҳои моҳи январи соли гузашта сурат гирифта ва дар ҷараёни дидорҳои муовини вазири дифои Русия бо мақомоти Тоҷикистон иҷрои тавофуқҳои ҳосилшуда аз сӯи раисони ҷумҳури ҳар ду кишвар ва дигар қарору тааҳҳудоте, ки дар чорчӯби созмонҳои минтақаӣ, ба хусус Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ ба манзури боло бурдани имконоти нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар мубориза бо тероризим баррасӣ шуда буданд.

Мавзӯи таъмину таҳкими нирӯҳои низомиву амниятии Тоҷикистон дар пасманзари таҳаввулоте, чун хуруҷи нирӯҳои эътилофи байналмилалӣ аз Афғонистон ва фаъол шудани ҷангиёни исломӣ ва созмонҳои ифротие, чун “Давлати исломӣ” дар манотиқи шимоли Афғонистон, ки бо Тоҷикистон марзи муштарак дорад, доғтар шудааст.

Тоҷикистон бо Афғонистон, як манбаи асосии таҳдиди ҷангиёни исломӣ, 1370 километр марз дорад, ки қад-қади рӯди Омӯ( дар саргаҳаш – Панҷ) мегузарад ва бино бар релефи мураккаби аксаран кӯҳистониаш хуб ҳифозат намешавад.

XS
SM
MD
LG