Пайвандҳои дастрасӣ

Толибон масъулияти ҳамларо бар дӯш гирифтанд


Толибони Афғонистон масъулияти ҳамла дар маркази Кобул дар наздикии бинои порламони Афғонистон ва посгоҳи пулисро ба дӯш гирифтанд. Бино ба гузоришҳо, дар ин таркиш 10 нафар кушта шудаанд.

Аюб Солангӣ-муовини вазири корҳои дохилаи Афғонистон дар сафҳаи Твиттери худ навиштааст, ки дар таркиши хиёбони Деҳ Мазанг, ки ба Боғи Вуҳуши Кобул наздик аст, 20 нафар маҷрӯҳ шудаанд.

Сухангӯи пулиси Кобул мегӯяд, ҳамлакунанда як ҷо бо одамон барои даромадан ба идораи пулис навбат гирифта будааст ва аксари ононе, ки кушта шудаанд, ғайринизомиён будаанд. Ду корманди пулис низ дар ин ҳамла кушта шудаанд.

Ба маҳали ҳодиса мошинҳои ёрии таъҷилӣ рафту омад мекарданд ва афроди маҷруҳро мебурданд. Таркиши 1 феврал аз ҷумлаи ҳамлаҳои як моҳи охир дар Кобул аст, ки даҳҳо нафарро кушта ва захмӣ бар ҷой гузоштааст.

Толибон масъулияти ин ҳамларо дар сафҳаи Твиттери худ бар дӯш гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG