Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон ба осебдидагони сӯхтор кӯмак мекунад


Эрлан Абдилдаев
Эрлан Абдилдаев

8 нафар шаҳрвандони Қирғизистон, аз ҷумла як кӯдак дар сӯхтори коргоҳи дӯзандагии кӯчаи Строминкаи Москва дар шимоли ин шаҳр ба ҳалокат расидаанд.

Дар миёни қурбониёни сӯхтор ду қирғизтабори шаҳрванди Русия ва ду шаҳрванди Ӯзбекистон низ ҳастанд. Дар ин бора вазорати корҳои хориҷаи Қирғизистон хабар додааст. Дар ин хабар гуфта мешавад, ки Эрлан Абдилдаев-вазири корҳои хориҷаи Қирғизистон кӯмак ба осебдидагон ва хонаводаҳои қурбониӣнро ба назорати худ гирифтааст.

Тибқи иттилои тасдиқшуда, теъдоди қурбониёни оташсӯзӣ ба 12 нафар расид. Дар миёни фавтидагон се кӯдак аст, ки яке аз онҳо кӯдаки навзод мебошад. Кумитаи тафтишотии Русия хабари фавти танҳо як наврасро таъйид мекунад.

Маъмурони ниҳодҳои интизомӣ шаҳрвандии фавтидагонро муайян карданд. Мушаххас шудааст, ки қурбониёни ин ҳодиса шаҳрвандони Қирғизистон ва Ӯзбекистон мебошанд.

Як манбаъ аз ниҳодҳои интизомӣ ба Интерфакс гуфт, ки дар ҷойи ҳодиса беш аз ду манбаи оташсӯзӣ мушаххас шуда, хомӯш кардани оташсӯзӣ чаҳор соат идома доштааст. Ба ин сабаб эҳтимол меравад, ки ин оташсӯзӣ барқасдона рух дода бошад.

Ба сабаби фавти одамон аз рӯйи моддаи “Нобудсозӣ ё вайрон кардани барқасдонаи моликият аз беэҳтиётӣ, ки боиси марги инсон ва ҷароҳатҳои ҷисмонӣ шудааст” парвандаи ҷиноӣ боз карда шуд. Тафтишот сабабҳои гуногуни оташсӯзӣ, аз ҷумла иҷтимоӣ ва фанниро таҳқиқ мекунад.

XS
SM
MD
LG