Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз дар Бишкек муҳокимаи додгоҳии ҳодисаҳои 7 апрели соли 2010 дар нисбати 27 мақоми баландпояи Қирғизистон аз сар гирифта шуд.

Дар ин бора ба Хадамоти иттилооти Осиёи Марказӣ аз маркази матбуотии Додгоҳи олии Қирғизистон хабар доданд.

Тибқи иттилои ин манбаъ, парвандаи ҷиноятии ҳодисаҳои моҳи апрелро Додгоҳи низомӣ муҳокима мекунад.

Ин муҳокимаҳо бояд 18 январи соли ҷорӣ шурӯъ мешуд, аммо бо сабаби бемории судя баррасии он то ба 25 январ ба таъхир афтод.

Ёдовар мешавем, ки муҳокимаи парвандаи ҳодисаҳои моҳи апрел аз соли 2010 идома дорад.

XS
SM
MD
LG