Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ё WHO ҷаласаи ғайринавбатии худро баргузор мекунад, то тасмим бигирад, ки оё вируси Зикаро хатари беҳдошти байналмиллалӣ эълон кунанд ё хайр.

Дар ин ҷаласа, ки дар Женева баргузор мешаваад, густариши вируси Зика дар Амрикои марказиву ҷанубӣ баррасӣ мешавад. Ин вирус ба мушкилиҳои таваллуд ва асабоният иртибот дорад.

Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт мегӯяд, ки ин вируси аз пашша пайдошуда аз таҳдиди ночиз ба мушкили нигаронкунанда табдил ёфтааст.

Ин созмон мегӯяд, дар давоми соли оянда хатари он вуҷуд дорад, ки дар Амрикои марказӣ ва ҷанубӣ 3-4 миллион нафар бо ин вирус олуда шаванд.

XS
SM
MD
LG