Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Сурия дар 3 таркиш 71 нафар кушта шудаанд


Се таркиш дар назди макони муқаддаси пайравони шиа дар Димишқ-пойтахти Сурия дастикам 71 нафарро кушта бар ҷой гузоштааст. Ин дар ҳолест, ки дар Женева оғози музокироти сулҳи Сурия барои қатъи ҷанги панҷсолаи ин кишвар ба мушкил дучор шудааст.

Дар ин таркишҳо 100 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Дар минтақаи Зиёда Зайнаб як мошини бамгузоришуда таркидааст ва ду бамгузори маргталаб дар наздикии ин макони муқаддас худро таркондаанд.

Нозирони ҳуқуқи башари Сурия марказаш дар Британия гуфтаанд, ки аз 71 нафари кушташуда 42 нафар ҷангандаҳои ҷонибдори ҳукумат будаанд. Афроди боқимонда сокинон будаанд ва дар миёни онҳо 5 кӯдак низ ҳаст.

Федерика Могеринӣ-масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо гуфт, “ҳадафи ошкори ин ҳамлаҳо талоше барои пешгирӣ аз оғози раванди сулҳ” ва хотима гузоштан ба муноқишаест, ки бештар аз 250 ҳазор нафар дар он кушта шудаанд.

Масъулияти ин ҳамларо тундравҳои Давлати Исломӣ ба дӯш гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG