Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷазои Тамила барои "видеои бешармона"


Дар сӯҳбати телефонӣ бо хабарнигорони сомонаи интернетии Sayyod.com овозхон Тамила эътироф кард, ки дар видеои аввал худаш наворбардорӣ шудааст. Аммо, ба гуфтаи вай, видеои дувумӣ ба вай ҳеҷ робитае надорад.

Дар навори видеоӣ, ки 28 январ дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахш шуд, марди ношинос аз хонуми ҷавоне, ки эҳтимол меравад овозхон Тамила аст (ному насаби расмиаш Эсмералда Раҳматова), мепурсад, ки то ситораи ҳунар шуданаш, чӣ гуна буд. Дар посух ин зани ҷавон аз ҷояш бархеста, шалворашро пойин меораду ба самти дигар аз дурбини наворбардор ба таври бараҳна таъзим мекунад.

Дар навори дувуми видеоӣ, ки низ дар сомонаҳои иҷтимоӣ пахш шудааст, зани ҷавоне ба унвони овозхон Тамила муаррифӣ мешавад, дар кӯча бараҳна гаштугузор мекунад. Баъд аз як рӯзи пайдо шудани ин ду навори видеоӣ дар Telegram, хабарҳое расиданд, ки иттиҳоди ҳунарии “Ӯзбекнаво” тасмим гирифтааст иҷозаи ҳунарнамоии овозхон Тамиларо боздорад.

Дар ҳамин ҳол, дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳо дар мавриди дурустии иқдомҳои мақомоти ӯзбек дар нисбати овозхон Тамила доман задааст.

Пештар низ овозхон Тамила барои аксе, ки дар он ин овозхон бо ҳалқае дар биниаш аккосӣ шуда буд, сахт танқид шуда буд. Он замон низ “Ӯзбекнаво” иҷозатномаи ӯро бекор кард. Аммо дар моҳи ноябри соли 2015 ин овозхон дубора иҷозатномаашро дарёфт ва ҳуқуқи ҳунарнамоӣ дар дохил ва хориҷ аз Ӯзбекистонро пайдо кард.

XS
SM
MD
LG