Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи як мубаллиғи ДИИШ дар Хуҷанд


Додгоҳи Хуҷанд ба баррасии парвандаи як сокини маркази вилояти Суғд оғоз кардааст, ки ба тарғиби гурӯҳи "Давлати исломӣ" мутатҳам мешавад. Ба қавли манобеи додгоҳ, ин марди 42-сола, ки номаш ҳоло пинҳон дошта мешавад, ба паҳн намудани адабиёти марбут ба "Давлати исломӣ" машғул буда ва тирамоҳи соли гузашта боздошт гардидааст.

Тафтишоти ибтидоӣ ӯро тибқи моддаи 307-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне “даъвати оммавӣ ба фаъолияти экстремистӣ” муттаҳам донистааст. Додгоҳ дар бораи ин нафари гумонбар мегӯяд, ки ӯ худ шомили гурӯҳи "Давлатӣ исломӣ" набуда ва дар ҷангҳои он иштирок надоштааст ва замони боздошт дар Хуҷанд дар ҷое кор намекардааст.

Бино ба маълумоти раёсати корҳои дохилии Суғд, бо иттиҳоми иштирок дар ҷангҳои Сурия алайҳи 192 сокини минтақаи шимолии Тоҷикистон бо моддаи 401, иловаи 1-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Шариф Назарзода, сардори раёсати умури дохилии Суғд дар нишасти хабарии ҳафтаи гузаштаашгуфт, "10 парвандаи ҷиноӣ бо хулосаҳои айбдорӣ барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол шудааст."

Ба қавли ӯ, 285 сокини вилояти Суғд бо 24 ҳамсар ва 43 тифли худ, 16 писар ва 27 духтар, дар ҷангҳои Сурия иштирок карда, 36 тани онҳо ба ҳалокат расидаанд. Раёсати корҳои дохилии Суғд мегӯяд, то кунун 7 сокини вилоят, аз Хуҷанд, Чкалов ва Исфара 2-нафарӣ ва аз Спитамен – 1 нафар, ҳамроҳи 2 ҳамсару 3 тифли худ аз Сурия ба Ватан баргаштаанд.

XS
SM
MD
LG