Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Насрулло Маҳмудов, додситони вилояти Хатлон, гуфт, ки дар соли 2015 ба иттиҳоми тақсими ғайриқонунии замин, қаллобӣ ва сӯистифода аз мансаб 230 парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Ӯ рӯзи 1 феврал ба Озодӣ гуфт, дар соли гузашта шикояти мардум дар мавриди тақсими ғайриодилонаи қитъаҳои замин барои бунёди манзил ва ҳолатҳои ришваситонӣ дар вақти тақсими замин бештар сабт шудааст.

Ба қавли Маҳмудов то кунун ба 176 қарори раисони шаҳру навоҳии вилояти Хатлон эътироз ворид шуда ва 2210 гектар замин ба ҳолати пештара баргардонда шудаанд.

Додситони вилояти Хатлон афзуд, алайҳи 9 раиси ҷамоат, 15 сармутахассиси заминсоз ва 25 раиси хоҷагии деҳқонӣ ба иттиҳоми қаллобӣ ва ришваситонӣ дар тақсимоти замин парвандаҳо боз шудааст. Ҳамчунин, Насрулло Маҳмудов гуфт, ки дар соли 2015 алайҳи 46 нафар масъулони соҳаи маориф ва илм, аз ҷумла, 12 мудири мактаб парвандаи ҷиноӣ боз шуда ва онҳо ба қаллобию азхудкунии пул муттаҳам шудаанд.

XS
SM
MD
LG