Пайвандҳои дастрасӣ

Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва Русия ба манзури тамрини роҳҳои нобудсозии гурӯҳҳои террористӣ дар минтақаҳои кӯҳистон тарҳи баргузории машқи муштараки низомиро таҳия кардаанд. Дар ин бора генерал-полковник Владимир Зарудтский, фармондеҳи нерӯҳои Округи низомии марказии Русия хабар додааст.

Тибқи ин манбаъ, дар назар аст дар моҳи марти соли ҷорӣ дар манотиқи кӯҳистонии вилояти Бадахшони Тоҷикистон нерӯҳои чатрбози ҳар ду кишвар дар ин тамринот иштирок кунанд. Гуфта мешавад, тамриноти низомӣ бо ширкати 1.5 ҳазор низомӣ ва ҳудуди 500 техникаи ҷангӣ анҷом хоҳад шуд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG