Пайвандҳои дастрасӣ

Бар асари ду таркиш дар Димишқ, пойтахти Сурия, рӯзи 31 январ дасти кам 45 нафар кушта ва 110 каси дигар маҷрӯҳ шуданд. Дар ин бора хабаргузории France Presse бо такя ба расонаҳои давлатии Сурия иттилоъ дод.

Масъулияти ҳамларо гурӯҳи "Давлати исломӣ" бар дӯш гирифт. .

Ба иттилои телевизиони давлатии Сурия, таркишҳо дар канори зиёратгоҳи шиаҳо Ал-Саида Зайнаб рӯй доданд - аввал мошини ҳомили маводи тарканда инфиҷор кард ва баъд як маргталаб худро тарконд.

Ҳамлаҳои террористӣ дар Димишқ дар ҳоле сурат гирифтанд, ки дар шаҳри Женева музокироти сулҳ оид ба хатми низоъ дар Сурия шурӯъ шуд. Ахиран барои ширкат дар ин гуфтушуниди таҳти сарпарастии СММ ба Швейсария ҳайати мухолифини давлати Сурия ҳам омад, ки ба он намояндагони 17 гурӯҳи сиёсиву низомии даргир бо режими раисиҷумҳур Башор Асад шомиланд.

XS
SM
MD
LG