Пайвандҳои дастрасӣ

Сармураббии "Манчестер Юнайтед" муҳофиз гирифт


Сармураббии дастаи футболи Англия "Манчестер Юнайтед" Луи ван Гал барои дифоъ аз ҳамлаи эҳтимолии мухолисони даста чанд муҳофиз гирифт. Дар ин бора рӯзномаи бритониёвии Daily Mirror рӯзи 31 январ хабар дод.

Бозии даста зери раҳбарии Луи ван Гал ҳарчӣ бештар боиси норозигии мухлисон мегардад ва аз ин рӯ сармураббӣ тасмим гирифт, ки худ ва аҳли оилаашро аз ҳамлаҳо эмин нигаҳ дорад, навиштааст ин нашрия. Акнун манзили ӯ шабу рӯз таҳти назорати муҳофизон аст.

Ҳамчунин, ба навиштаи расонаҳо, сармураббии "Манчестер Юнайтед", ки ҳоло бо хонаводааш дар яке аз шаҳракҳои бонуфузи атрофи Манчестер зиндагӣ мекунад, дар ҷустуҷӯи манзили нав дар ягон мавзеи орому амн аст.

Клуби "Манчестер Юнайтед" ҳангоми бозиҳои "хонаги"-ву "сафарӣ" ван Галро бо муҳофизон таъмин мекунад, аммо аз нигоҳи сармураббӣ ин кофӣ нест.

Баъд аз 23 даври чемпионати Англия "Манчестер Юнайтед" дар мақоми панҷум ҷой гирифтааст. Даста барои ширкат дар бозиҳои ниҳоии Лигаи чемпионҳо муваффақ нашуд ва акнун бояд барои пирӯзӣ дар Лигаи Аврупо талош кунад.

XS
SM
MD
LG