Пайвандҳои дастрасӣ

Бар пояи баъзе хабарҳо, қурбониёни сӯхтор дар кӯчаи Строминкаи Маскав муҳоҷирони корӣ аз Қирғизистону Узбакистон ва аҳли хонаводаҳои онҳоянд

Қурбониёни сӯхтор дар корхонаи дӯзандагӣ дар Маскав муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказиянд. Дар ин бора Павел Астахов, омбудсмен ё ваколатдори ҳуқуқи кӯдакон дар Русия рӯзи 31 январ хабар дод ва гуфт, ки дар ин ҳодиса се кӯдак ҳам ҷон бохтааст.

Теъдоди қурбониёни сӯхтор дар як корхонаи дӯзандагӣ дар шаҳри Маскав то 12 нафар афзоиш ёфт. Аз ин пеш расонаҳои Русия навиштанд, дар ин ҳодиса, ки шаби якшанбе, 31 январ ба вуқӯъ пайваст, як тифли навзод ҳам ҷон бохтааст. Хабаргузории Интерфакс бо такя ба гуфтаҳои намояндаи Кумитаи тафтишоти Русия аз пайдо шудани 12 ҷасад дар ҷойи сӯхтор дар кӯчаи Строминкаи Маскав иттилоъ дода буд. Баъзе расонаҳо навишта буданд, ки дар бинои корхонаи дӯзандагӣ муҳоҷирон ҳам кор ва ҳам зиндагӣ мекарданд.

Ҷойи ҳодиса баъд аз сӯхтор

Ҷойи ҳодиса баъд аз сӯхтор

Сӯхтор тақрибан соати яки шаб ба вақти Маскав хомӯш карда шуд. Ҳангоми сӯхтор як бахши бино фурӯ рехт. Баъд аз пайдо шудани се ҷасади аввалин аз рӯи банди “куштори ду ва аз ин бештари одамон” парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

Аммо монобеъ дар мақомоти ҳифзи тартибот ба Интерфакс гуфтанд, ки бино аз сӯи афроди ношинос оташ зада шудааст. Баъд аз ин парвандаи ҷиноӣ тағйир хӯрд ва акнун муфаттишон қазияи барқасдона нобудсозии моликиятро, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги одамон шудааст, тафтиш мекунанд. Дар ин бора ба Интерфакс намояндагии Кумитаи тафтишот дар шаҳри Маскав хабар дод. Дар сафорати Тоҷикистон дар Маскав ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар миёни қурбониён шаҳрвандони Тоҷикистон нестанд.

Каримҷон Ёров

Каримҷон Ёров

Каримҷон Ёров, раиси созмони "ЭтМос" дар Маскав, ки аз ҷойи ҳодиса дидан кард, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки қурбониёни сӯхтор шаҳрвандони Қирғизистон ва Узбакистон буданд. Ӯ бо тоҷикҳое, ки дар шафати бино дар мағозаи "Магнолия" кор мекунанд, ҳамсӯҳбат шуд ва онҳо гуфтанд, кормандони корхонаи дӯзандагӣ ҳамеша аз ин мағоза харид мекарданд ва онҳо хуб медонанд миёни онҳо нафаре аз шаҳрвандони Тоҷикистон набуд. Ба гуфтаи кормандони мағоза, шаҳрвандони Узбакистону Қирғизистон асосан ба дӯхтани рӯпӯшу болопӯши болишт машғул буданд.

Соли гузашта дар бораи ҳалокати муҳоҷиронии кори тоҷик дар чанд сӯхтор дар Русия хабар расида буд. Оташсӯзии шаби 11 март дар бузургтарин бозори шаҳри Қазон “Адмирал” мунҷар ба ҳалокати дасти кам 6 шаҳрванди Тоҷикистон шуда буд. Дар ин ҳодиса дар маҷмӯъ 17 нафар ҷон бохта буданд.

Як моҳ аз ин пеш дар сӯхтор дар наздикии шаҳраки Самофаловка дар вилояти Волгогради Русия ду шаҳрванди Тоҷикистон ҳалок шудаанд. Сӯхтори шаби 10 феврал вагонеро, ки ҷои хоби ин ду тоҷик буд, ба коми худ кашидааст. Ба гуфтаи мақомот, сабаби сӯхтор зоҳиран истифодаи нобуруди бухории барқӣ буда, ҷасади сӯхтаи мардикоронро субҳ пайдо кардаанд. Ин ду тоҷикдар заминҳои як фермери маҳаллӣ кор мекарданд ва ҳудуди 10 сол боз дар ҳамин вагон зиндагӣ мекарданд, вале сабти номи расмӣ надоштаанд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG