Пайвандҳои дастрасӣ

Теъдоди қурбониёни сӯхтор дар як корхонаи дӯзандагӣ дар шаҳри Маскав то 12 нафар афзоиш ёфт, Бино ба иттилои хабаргузориҳои Русия, дар ин ҳодиса, ки шаби якшанбе, 31 январ ба вуқӯъ пайваст, як тифли навзод ҳам ҷон бохтааст. Аз ин пеш хабаргузории Интерфакс бо такя ба гуфтаҳои намояндаи Кумитаи тафтишоти Русия навишта буд, ки дар ҷойи сӯхтор дар кӯчаи Строминкаи Маскав ҷасади ҳашт нафар ошкор карда шудааст.

Сӯхтор тақрибан соати яки шаб ба вақти Маскав хомӯш карда шуд. Ҳангоми сӯхтор як бахши бино фурӯ рехт. Баъд аз пайдо шудани се ҷасади аввалин аз рӯи банди “куштори ду ва аз ин бештари одамон” парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

Як манбаъ дар мақомоти ҳифзи тартибот ба Интерфакс гуфт, ки ҳадс зада мешавад, ки бино барқасдона оташ зада шудааст. Баъд аз ин парвандаи ҷиноӣ тағйир хӯрд ва акнун муфаттишон қазияи барқасдона нобудсозии моликиятро, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги одамон шудааст, тафтиш мекунанд. Дар ин бора ба Интерфакс намояндагии Кумитаи тафтишот дар шаҳри Маскав хабар дод.

XS
SM
MD
LG