Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳабси як муҷрим дар ғарқ шудани киштӣ дар Туркия


Полиси Туркия рӯзи 31 январ дар бораи ҳабси дасти кам як нафар бо иттиҳоми қочоқи одамон баъд аз ғарқ шудани боз як киштӣ дар соҳилҳои кишвар хабар дод. Бар асари зери об рафтани киштӣ бо муҳоҷироне, ки қасди рафтан ба Юнонро доштанд, дғдасти кам 39 нафар ба ҳалокат расиданд.

Мақомоти Туркия мегӯянд, ки дар соҳилҳои фароғатгоҳи Айвачик 75 нафарро наҷот ёфтанд, аммо дар киштӣ боқӣ мондани афроди дигар ҳам ҳам баъйид намедонанд.

Хабаргузории туркии Anadolu навиштааст, ки афроди наҷотёфта шаҳрвандони Афғонистон, Сурия ва Мянмаранд.

Ба иттилои Созмони ҷаҳонии муҳоҷират фақат моҳи январ 250 муҳоҷир дар талоши расидан ба соҳилҳои Аврупо ҷон бохтанд. Соли 2015 шумораи умумии қурбониён 805 нафар буд, гуфтаанд масълини ин созмон.

Соли гузашта беш аз як миллион муҳоҷир тавассути баҳр вориди Аврупо шуданд. Бештари онҳо шаҳрвандони Сурия, Ироқ ва Афғонистонанд.

Айни ҳол дар қароргоҳҳои паноҳандагон дар Туркия тақрибан 2,5 миллион суриягиҳои аз ҷанг фироркарда ба сар мебаранд.

XS
SM
MD
LG