Пайвандҳои дастрасӣ

HRW. Теҳрон афғонҳоро ба Сурия мефиристад


Қароргоҳи паноҳандагони афғон Тараз Ноҳид, як минтақаи воқеъ дар 130 километрии Теҳрон

Қароргоҳи паноҳандагони афғон Тараз Ноҳид, як минтақаи воқеъ дар 130 километрии Теҳрон

Созмони дидбони ҳуқуқи башар Human Rights Watch мегӯяд,Эрон ҳазорон афғонҳоеро, ки дар кишвар бидуни санади расмӣ ба сар мебаранд, ба сафи гурӯҳҳои шибҳанизомиёни эронии пуштибон аз режими раисиҷумҳури Сурия Башор Асад ҷалб мекунад.

Бино ба гузориши ин созмон, ки рӯзи 29 январ нашр шуд, Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ аз охири соли 2013 ба муҳоҷирони афғони муқими Эрон барои ширкат дар ҷангҳои Сурия аз тарафи ҳукумати Димишқ баъзе имтиёзҳо пешниҳод мекунад. Баъзе аз афғонҳо дар сӯҳбат бо Human Rights Watch гуфтанд, ба онҳо таҳдид кардаанд, ки дар сурати сарпечӣ аз ин пешниҳод аз Эрон берунашон мекунанд.

Дар гузориш гуфта шудааст, ки фишори мақомоти Теҳрон афғонҳои зиёдеро водор сохт то аз Эрон фирор кунанд ва дар талоши дарёфти сарпаноҳ дар Аврупо шаванд.

Эрон мегӯяд, афғонҳое, ки аз тарафи ҳукумати Сурия меҷанганд, ихтиёриёнанд.

Дар Эрон тақрибан 3 миллион афғонҳо ба сар мебаранд, аммо фақат ҳудуди 950 ҳазор нафари онҳо мақоми паноҳандагӣ доранду халос.

Human Rights Watch навиштааст, ки мақоми ғайрирасмӣ ва тарси ихроҷ аз Эрон афғонҳоро маҷбур месозад, ки пешниҳоди ширкат дар ҷангҳои Сурияро қабул кунанд.

XS
SM
MD
LG