Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бозии севуми санҷишӣ миёни дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе ва «Хуҷанд»-и Хуҷанд бо ҳисоби 1-1 поён ёфт.

Бозии севуми санҷишӣ миёни дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони феълии Тоҷикистон ва «Хуҷанд»-и Хуҷанд, барандаи ҷоизаи нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии кишвар, ки шоми ҷумъаи 29 январ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе ба поён расид, бо ҳисоби мусовии 1-1 хотима ёфт.

Ин бозӣ дар доираи омодагии ҳарду даста ба Ҷоми Конфедеросиюни футболи Осиё дар ҳавои сард ва зери барф доир гашт. Парвизҷон Умарбоев, бозигари “Истиқлол”, дар нимаи аввали дидор, дар дақиқаи 32-юм, ҳисобро боз кард. Голи ҷавобиро Марифҷон Марифбоев дар нимаи дувуми бозӣ, дар дақиқаи 72-юм, ба самар расонд.

Ёдовар мешавем, ду бозии пешини “Истиқлол” ва “Хуҷанд”дар шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд бо натиҷаҳои мусовии 1:1 ва 2:2 анҷом ёфта буд.

Рустам Ҳакимов, сухангӯи бошгоҳи футболи “Истиқлол”, ба Радиои Озодӣ гуфт, футболбозони Душанбе рӯзи 31 январ ба Анталияи Туркия сафар мекунанд. Вай афзуд, “ҷамъомади таълимиву тамринии даста дар Анталия то рӯзи 14 феврал идома хоҳад кард. Дар доираи омодагиҳо ба мавсими нав дар Туркия баргузории чаҳор бозии санҷишӣ бо тимҳои хориҷӣ ба нақша гирифта шудааст. Баъди бозгашт аз Туркия “Истиқлол” дар нахустин даври сабқати гурӯҳии Ҷоми AFC 23 феврал дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо тими “Ал Файсалӣ”-и Урдун бозӣ мекунад. ”

Дастаи “Хуҷанд”, ки ба бозии интихобии Ҷоми Конфедеросиюни футболи Осиё то рӯзи 5 феврал дар шаҳри Душанбе омодагӣ мегирад, 6-уми феврал ба Фаластин сафар хоҳад кард. Бозии плей-оффи Ҷоми AFC байни дастаи «Хуҷанд» ва бошгоҳи «Аҳлӣ Ал-Халил» 9-уми феврал дар шаҳри Ҳеврони Фаластин баргузор мешавад.

Бозии санҷишӣ

«ИСТИҚЛОЛ» — «ХУҶАНД» — 1:1

Голҳо: Парвизҷон Умарбоев, 32 (1:0). Марифҷон Марифбоев, 72 (1:1).

«Истиқлол» (Душанбе): Қурбоналӣ Бобоев, Ҷаҳонгир Ҷалилов (Аҳтам Назаров, 46), Петро Ковалчук, Давронҷон Эргашев (Сиёвуш Асроров, 46), Дилшод Восиев, Фатҳулло Фатҳуллоев (Фаридун Шарифов, 46), Нуриддин Давронов, Александр Каблаш (Амирҷон Сафаров, 56), Парвизҷон Умарбоев (Ҷаҳонгир Алиев, 46), Манучеҳр Ҷалилов (Нозим Бобоҷонов, 46), Акмал Холматов (Зиёвуддин Фузайлов, 82).

«Хуҷанд» (Хуҷанд): Абдуазиз Маҳкамов, Эраҷ Раҷабов, Далерҷон Тухтасунов, Манучеҳр Аҳмадов, Ҳасан Рустамов, Ҳоҷибой Зиёев, Илҳом Баротов (Шероз Абдуллоев, 84), Дилшод Каримов (Марифҷон Марифбоев, 62), Дилшод Бозоров (Мубинҷон Муъминов, 84), Сафаралӣ Каримов (Руслан Раҳматов, 84), Фарҳод Тоҳиров (Саидҷон Шарифов, 62).

Огоҳонида шуданд: Нуриддин Давронов («Истиқлол»), Далерҷон Тухтасунов, Ҳасан Рустамов, Марифҷон Марифбоев («Хуҷанд»).

Сардовар: Баҳром Саъдуллоев (Қӯрғонтеппа).

29 январ. Душанбе. Варзишгоҳм марказии ҷумҳуриявӣ. 500 тамошобин.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG