Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кремл ришвахории Путинро рад кард


Владимир Путин бо Дмитрий Песков

Владимир Путин бо Дмитрий Песков

Маскав аз раҳбарияти Амрико дар бораи иддао дар мавриди ришвахории Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия тавзеҳот хостааст. Дар ин бора Дмитрий Песков-сухангӯи Кохи Кремл рӯзи ҷумъа ба рӯзноманигорон хабар дод.

Вай изҳорот дар бораи ришвахор будани Путинро беназир номид ва гуфт, ки худи Путин бо ин изҳорот ошност ва чунин изҳоротро барои раҳбарияти Амрико ва намояндагони боломақоми он кишвар ғайри қобили қабул медонад.

Рӯзи панҷшанбе Ҷош Эрнст-сухангӯи Кохи Сафед изҳор дошт, ки гуфтаҳои Адам Шубин-муовини вазири молияи Амрико дар бораи ришвахор будани Путин мавқеи расмии раҳбарияти Амрикоро мунъакис мекунад.

25 январ телевизиони Би Би Си филми ҳуҷҷатиеро бо номи “Сарватҳои пинҳонии Путин” намоиш дод. Дар ин филми ҳуҷҷатӣ дар баробари Ричард Билтон муаллифи филм Адам Шубин-муовини вазири молияи Амрико низ сӯҳбат мекунад.

Дар ҷараёни мусоҳиба Шубин Путинро дар ришвахорӣ муттаҳам мекунад ва мегӯяд, ки Путин “дӯстону наздикон ва ҳамкорони худро сарватманд мекунад ва ононеро чашми дидан надорад, ки дӯсти вай несстанд. Онҳо дороиҳои давлатӣ низ надоранд”.

XS
SM
MD
LG