Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Серена" меҳмонхонаи беҳтарин эълон шуд


Меҳмонхонаи “Серена Душанбе”
Меҳмонхонаи “Серена Душанбе”

Меҳмонхонаи “Серена Душанбе”, воқеъ дар хиёбони Рӯдакии пойтахти Тоҷикистон беҳтарин меҳмонсароиин кишвар дар соли 2015 эълон шуд. Дар як марисими вижа Кумитаи ҷавонон, вар зиш ва сайёҳӣ ба масъулони “Серена Душанбе” барои саҳми вижааш дар рушди ҷаҳонгардӣ дар Тоҷикистон ва сифати баланди хидматрасониаш бо ҷоизаи вижа қадрдонӣ кард. Филип Дуклер, менеҷери кулли “Серена Душанбе” гуфт, “ин ҷоиза баёнгари талошҳои мо барои ҷалби теъдоди бештари сайёҳони хориҷӣ ба кишвар аз тариқи ироаи хидмадрасонӣ дар сатҳи байналмилалист.” Меҳмонсарои “Серена Душанбе”, иборат аз 95 ҳуҷра, узви шабакаи “Serenehotels” буда, меҳмонхонаи панҷситораӣ ба шумор меояд.

XS
SM
MD
LG