Пайвандҳои дастрасӣ

Кумитаи тафтишотии Русия хабар додааст, ки расидагӣ ба парвандаи куштори Борис Немтсов ба поён расидааст. Ба Заур Дадаев, Анзор ва Шаҳида Губашевҳо, ба Темирлан Эксерханов ва Ҳамзат Баҳоев иттиҳоми куштори фармоишӣ дар таркиби гурӯҳи созмонёфта эълон шудааст.

Парвандаи Руслан Муҳуддинов, ки Кумитаи тафтишот вайро фармоишгар ва созмондифандаи ин куштор медонад, барои идомаи расидагӣ ба вақти дигар вогузор шудааст.

Вадим Прохоров-вакили мудофеъ, ки аз манфиати хешовандони неимтсов ҳимоя мекунад, тахмин мезанад, ки Муҳудинов танҳо “созмондиҳандаи ҷирахор” аст ва бояд “касоне пайдо шаванд, ки барои куштор ҳадафе доштанд”.

Хешовандони Немтсов ҳам розӣ нестанд, ки Муҳудинов фармоишгари куштор бошад. Онҳо пофишорӣ доранд, ки дар ин куштор Рамазон Қодиров-раҳбари Чеченистон ва атрофиёнаш даст доранд.

Борис Немтсов шоми 27 феврали соли 2015 дар маркази Маскав кушта шуд.

XS
SM
MD
LG