Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳдиди мухолифони Сурия ба оғози музокирот


Набуди гурӯҳҳои калидии мухолифон дар музокироти сулҳи Сурия, ки барои 29 январ дар Женева ба нақша гирифта шудааст, оғози онро ба хатар рӯ ба рӯ кардааст.

Эътилофи гурӯҳҳои мухолифони Сурия, ки аз он Арабистони Саъудӣ ҷонибдорӣ мекунад гуфт, ки дар музокирот ширкат нахоҳад кард, агар бо ҳукумати Сурия дар бораи фиристодани кӯмак ба шаҳракҳои муҳосирашуда тавофуқ ба даст наояд.

Дар ин музокирот ҳамчунин намояндагони аҳолии курди Сурия ширкат намекунанд. Бештари минтақаҳои шимоли ин кишвар дар зери назорати онҳо қарор дорад.

Курдҳо ба ин музокирот даъват нашудаанд, зеро Туркия-

ширкаткунадаи дигари калидӣ мегӯяд, ки намояндагони курд бо ҳизби ғайриқонунии курдҳо дар Туркия иртибот доранд.

28 январ вазорати корҳои хориҷаи Амрико гуфт, ки гурӯҳи ҷонибдори Арабистони Саъудӣ ба музокирот бипайвандад, бо вуҷуди ин ки дар расондани ёриҳои башардӯстона ба шаҳрракҳои муҳосирашуда ва гуруснаи Сурия пешрафте дида намешавад.

XS
SM
MD
LG