Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бесарнишини Эрон парвози назоратӣ анҷом дод


Телевизиони давлатии Эрон мегӯяд, ки дар ҷараёни размоишҳои нируҳои дарёии Амрико ҳавопаймои бесарнишинаш бар фарози киштии ҳавопаймобари Амрико парвози назоратӣ анҷом додааст.

Дар ин гузориш гуфта мешавад, ки бесарнишин аз киштӣ акс бардоштааст, вале дар бораи он ҷузъиёт надодааст. Нируҳои дарёии Амрико, ки аз Баҳрайн Халиҷи Форсро назорат мекунад, ба ин изҳорот вокуниш нишон надодааст.

Киштии ҳастаии Амрико бо номи Ҳаррӣ Трумен дар Халиҷи Форс аз амалиёт бар зидди гуруҳҳои тундрави Давлати Исломӣ дар Ироқу Сурия ҳимоят мекунад.

Дар аввали ҳамин ҳафта Эрон размоишҳои дарёии худро дар 3 миллион километри мураббаъ, аз ҷумла дар обҳои гулӯгоҳи Ҳурмуз, Халиҷи Умон ва уқёнуси Ҳинд оғоз кард.

27 январ нируҳои дарёии Эрон ба киштиҳои Амрико ҳушдор доданд, ки соҳаи размоишҳоро тарк кунанд. Нируҳои дарёии Амрико рад карданд, ки осеб нахоҳанд дид.

XS
SM
MD
LG