Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати чаҳор корманди полис дар Балуҷистон


Бар асари як ҳамла дар ҷанубу ғарби Покистон чаҳор корманди полис ба ҳалокат расиданд. Ба иттилои расмӣ, кормандони полис рӯзи 28 январ дар ҳоле мавриди ҳамла қарор гирифтанд, ки савори мотосикл аз як роҳ дар шаҳри Кветта, маркази вилояти Балуҷистон, убур мекарданд.

Ду нафар дар ҷойи ҳодиса ва ду нафари дигар дар бемористон ҷон бохтанд.

Ҳамлагарон аз ҷойи ҳодиса фирор карданд, ҷустуҷӯи онҳо идома дорад.

Гурӯҳи Таҳрики Толибони Покистон дар як нома унвони Радиои Машъал, бахши покистонии Радиои Озодӣ, масъулияти ин ҳамларо ба зима гирифт.

Балуҷистон солҳо боз саҳнаи ошӯбҳои гурӯҳҳои миллатгарову ҷудоихоҳи балуҷ аст, ки аз Исломобод талаби тақсими даромад аз фойидаи нафту гази минтақаро доранд.

XS
SM
MD
LG