Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯҳонӣ: Эрон Шарқу Ғарбро бо ҳам мепайвандад


Ҳасани Рӯҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон изҳор намуд, ки кишвари ӯ минтақаи мусоиде барои эҳёи тиҷорат миёни Ғарб ва Шарқ аст. Дар мулоқот бо раҳбарони Фаронса дар Порис рӯзи 28 январ оғои Рӯҳонӣ хостори сармоягузорӣ ба тиҷорати пас аз лағви таҳримҳои байнулмилалӣ эҳёшуда гардид.

Таҳримҳо рӯзи 16 январ баъд аз гузориши МАГАТЭ, Бунёди байнулмилалии нерҳои ҳастаӣ, дар бораи аз сӯи Теҳрон иҷро шудани нуктаҳои созиши ҳастаӣ бекор карда шуданд.

Ҳасани Рӯҳонӣ аз Фаронса ситоиш кард, ки мехоҳад аз фазои созгори баъди лағви таҳримҳо барои таҳкими робитаҳо истифода кунад.

Дар навбати худ нахуствазири Фаронса Мануэл Валс изҳор намуд, ки бояд кишварҳо қаҳри гузаштаро фаромӯш кунанд, Эрон метавонад рӯи Фаронса ҳисоб кунад, гуфт ӯ. Дар чаҳорчӯби сафари Рӯҳонӣ ба Фаронса ширкати Пежо-Ситроен дар бораи ташкили корхонаи муштарак бо ширкати эронии “Худрав” хабар дод, ки қарор аст дар канори Теҳрон бунёд шавад ва соле то 200 ҳазор мошин истеҳсол мекунад.

Рӯҳонӣ шоми 27 январ ба Порис аз Рус ворид шуд, ки он ҷо миёни Эрону Италия қарордодҳои зиёде ба имзо расиданд. Раисиҷумҳури Эронро дар сафар ба Италия ва Фаронса ҳайати иборат аз 120 нафар – бозаргонҳо ва мансабдорони воллмақоми кишвар ҳамроҳӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG