Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳасани Рӯҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон ва Франсуа Ҳрланд, президенти Фаронса, рӯзи 28 январ дар Порис масоили иқтисодиву тиҷоратиро баррасӣ карданд. Мансабдорони эронӣ қаблан гуфта буданд, ки онҳо мехоҳанд бо ширкати ҳавопаймосозии Airbus ва корхонаҳои мошинбарории Peugeot ва Renault созишҳо имзо кунанд.

Рӯҳонӣ шоми 27 январ ба Порис аз Рус ворид шуд, ки он ҷо миёни Эрону Италия қарордодҳои зиёде ба имзо расиданд. Раисиҷумҳури Эронро дар сафар ба Италия ва Фаронса ҳайати иборат аз 120 нафар – бозаргонҳо ва мансабдорони воллмақоми кишвар ҳамроҳӣ мекунанд.

Қарор аст Ҳасани Рӯҳонӣ бо мақомоти Фаронса ва раҳбарони ширкатҳои бузург мавзӯи эҳёи хариду фурӯш миёни ду кишварро баррасӣ кунанд. Эрони дорои 80 миллион аҳолӣ солҳои тулонӣ дар инзивоъ қарор дошт.

Ин нахустин сафари хориҷии Ҳасани Рӯҳонӣ баъд аз лағви таҳримҳои зиддиэронӣ дар тақрибан ду ҳафтаи пеш аст.

Лағви таҳримҳо баъди аз сӯи Теҳрон иҷро шудани шартҳои созиши ҳастаӣ ба рушди иқтисоди кишвар, ки солҳои ахир тақрибан ба зону зада ва ба афзоиши бекорӣ дар Эрон мунҷар шуда буд, мусоидат хоҳад кард, мутмаинанд мақомоти эронӣ. Теҳрон талош дорад, ки аз ин вазъ барои худ суде бардорад.

XS
SM
MD
LG