Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лавров: Мо рушди равобит бо Ашқободро мехоҳем


Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, зимни сафараш ба Туркманистон гуфт, ки Маскав барои ҳамкории наздиктар бо ин кишвари Осиёи Марказӣ талош хоҳад кард.

Дар мулоқот бо раисиҷумҳури Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар Ашқобод рӯзи 28 январ, Лавров омодагии Русия барои ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризм, қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккилро иброз дошт. Ба иттилои хабаргузориии ТАСС, вазири умури хориҷии Русия таъкид намуд, ки ду кишвар барои таҳкими транзити моло коло имкониятҳои зиёд доранд.

Дар ин мулоқот Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов аз ҳамтои русаш Владимир Путин даъват кард, ки ба Туркманистон сафар кунад.

Сергей Лавров дар маросими ифтитоҳи бинои нави сафорати Русия дар Ашқобод ширкат дошт.

Бино ба гузориши созмони дидбони ҳуқуқи башар Human Rights Watch, Туркманистони саршор аз гази табиӣ яке аз мустабидтарин кишварҳои олам боқӣ мемонад. Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, ки аз соли 2012 раҳбарии ин кишварро бар дӯш дорад ва пайвандону дӯстони ӯ ҳама бахшҳои ҳаёти Туркманистонро таҳти назорати комилашон қарор додаанд.

XS
SM
MD
LG