Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қазоқистон як чархбол суқут кард


Бар пояи хабарҳо аз Қазоқистон, бар асари суқути чархбол дар ин кишвар панҷ нафар, аз ҷумла, тифле, ки ӯро ба бемористон интиқол медоданд, ба ҳалокат расиданд.

Ба иттилои сомонаи интернетии Tengrinews.kz, гурӯҳҳои наҷотбахшӣ дар вилояти Алмаато, воқеъ дар ҷанубуи шарқи Қазоқистон, пораҳои чархболро субҳи рӯзи 28 январ, як рӯз баъд аз нопадид шуданаш пайдо намуданд.

Ҷузъиёти дигари ҳодиса алҳол маълум нест.

Сабабҳои суқути чархбол низ эълон нашудаанд.

XS
SM
MD
LG