Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти Тоҷикистон эълон карданд, ки дар як соли гузашта додгоҳҳои кишвар ба таври истисноӣ ба никоҳи тақрибан 800 духтари ноболиғ иҷоза додаанд. Никоҳи расмӣ дар кишвар аз 18-солагӣ иҷозат аст.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки дар тӯли соли гузашта додгоҳҳои кишвар ба таври истисноӣ ба издивоҷи 791 духтари ноболиғ иҷозаи расмӣ додаанд. Ба қавли онҳо, ин издивоҷҳо бо хоҳиши хонаводаҳо сурат гирифта, далели никоҳи пеш аз мӯҳлат низ "бепарасторӣ ё бемории волидон будааст".

Саодатбибӣ Сироҷзода, сардори раёсати сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандии Тоҷикистон (ЗАГС), низ 28 январ гуфт, "аксар ноболиғоне, ки оиладор шудаанд, аз 16-сола болоянд, аммо бар асоси қонунҳои Тоҷикистон ҳанӯз ба синни балоғат нарасидаанд. Додгоҳ танҳо бо назардошти вазъи оилавии онҳо, аз ҷумла ятимӣ ё бемор будани волидонашон барои издивоҷи ноболиғон розӣ шудааст."

Қонунҳои Тоҷикистон синни ҳадди ақалли издивоҷро аз 18-солагӣ муқаррар карда, танҳо дар ҳолатҳои истисноӣ ва он ҳам бо иҷозати додгоҳ никоҳ бо афроди зери 18-ро иҷозат медиҳанд.

Дар моҳи январи соли 2011, вақте ин ислоҳ ба Кодекси оила ва никоҳ ворид шуд, барои поймол карданаш дар Кодекси ҷиноӣ низ муҷозот муқаррар гардид. Ҳоло ба тамоми ходимони динӣ дар Тоҷикистон дастур шудааст, ки бидуни санади сабти расмии никоҳ дар идораи давлатии сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ касеро никоҳ накунанд.

Ҳомиёни ҳуқуқи зан мегӯянд, бо вуҷуди аз ба 18 боло бурдани синни ҳадди ақалли издивоҷ никоҳҳои барвақтӣ дар Тоҷикистон ҳамчунон идома доранд ва ҳоло ҳатто дар бисёре аз хонаводаҳои бахусус сарватманд арӯс кардани духтарони 15-сола "мӯд" шудааст. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, ин хонаводаҳо ба хотири пинҳон доштани чунин никоҳҳои барвақтӣ ё бо роҳи қалбакӣ асноде мегиранд, ки синни арӯсро болотар нишон диҳад ва ё танҳо бо никоҳи исломӣ бо ҷалби ягон рӯҳонии “худӣ” иктифо мекунанд.

Мақомот ва ҳомиёни ҳуқуқи зан никоҳҳои маҷбурии барвақтиро манбаи афзоиши мавридҳои аз ҳам пошидани хонаводаҳо меноманд.

Ин дар ҳолест, ки соли гузашта дар Тоҷикистон 8 ҳазору 356 талоқ ба қайд гирифта шудааст. Саодатбибӣ Сироҷзода, раиси идораи сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандии Тоҷикистон гуфт, агарчӣ ин рақам дар муқоиса ба соли 2014-ум 776 ҳолат камтар аст, аммо ҳанӯз қонеъкунанда нест. Ба иттилои ӯ, дар маҷмӯъ дар соли гузашта беш аз 77 ҳазор никоҳи расмӣ сабт шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG