Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 5 нафар бар асари суқути чархбол


Дар ҷануби Қазоқистон бар асари суқути чархбол панҷ нафар кушта шуданд.

Бино ба иттилои хабаргузории Интерфакси Русия, чархболи MD-600-и мутааллиқ ба ҷамъияти саҳомии “Аспан” ба ҳангоми интиқоли кӯдаки бемор аз шаҳри Ушарал ба бемористони маркази вилояти Талди-Қӯрғон суқут карда, ҳавонавард, пизишк, парастор ва модару кӯдак ҷон бохтаанд.

Субҳи панҷшанбеи 28 январ пораҳои чархбол дар минтақаи кӯҳистонии вилояти Алма-Ато кашф шудаанд.

XS
SM
MD
LG