Пайвандҳои дастрасӣ

Бозии дӯстонаи Тоҷикистон бо Узбакистон дар Тошканд мусовӣ шуд


Мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаро бо тими миллии Узбакистон бо ҳисоби 1:1 анҷом дод.

Бозии дӯстонаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо тими миллии Узбакистон, ки шоми чоршанбеи 27 январ дар маҷмааи варзишии “Узбекистон”-и шаҳри Тошканд баргузор шуд, бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфт. Ҳисобро Нодир Элибоев, бозигари мизбонон, дар дақиқаи 7-ум боз кард. Баъди чаҳор дақиқа голи ҷавобии мунтахаби Тоҷикистонро Дилшод Саломов ба ҳадаф расонд.

Бозии дӯстона

Узбакистон – Тоҷикистон – 1:1

Голҳо: Нодир Элибоев, 7 (1:0). Дилшод Саломов, 11 (1:1).

Узбакистон (панҷгонаи аввал): Акмал Ҳазратқулов, Артур Юнусов (капитан), Константин Свиридов, Дилшод Раҳматов, Фарҳод Абдумавлонов.

Бозигарони эҳтиётӣ: Клим Тюгаев, Дилшод Ирсолиев, Нодир Элибоев, Фирӯз Фахриддинов, Даврон Чориев, Андрей Шлема, Ҷамолиддин Шарифов, Ҷавлон Аноров.

Тоҷикистон (панҷгонаи аввал): Фирӯз Бекмуродов, Мансур Мамедбобоев, Шавкат Ҳалимов, Дилшод Саломов, Меҳрубон Тиллозода.

Бозигарони эҳтиётӣ: Муродулло Алиқулов, Фирӯз Юсуфзода, Собирҷон Гуляков, Раҳмоналӣ Шарифов, Некрӯз Алимаҳмадов, Муҳаммад Раҳмонов, Арсен Фармонбеков, Файзалӣ Сардоров, Акбарҷон Ортиқов.

Огоҳонида шуд: Арсен Фармонбеков (Тоҷикистон).

27 январ. Тошканд. Маҷмааи варзишии «Узбекистон».

Бозии дувуми дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби футзали Узбакистону Тоҷикистон дар шаҳри Тошканд шоми панҷшанбеи 28 январ баргузор мешавад.

Ин бозиҳои дӯстона барои тимҳои миллии ҳарду кишвар як давраи омодагӣ ба мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2016, ки аз 10 то 21 феврал дар Тошканд барпо мегардад, маҳсуб меёбанд.

Мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи “С” бо дастаҳои Тайланд, Ветнам ва Тайван рақобат мекунад. Нахустин бозии мунтахаби Тоҷикистон 11 феврал муқобили тими Тайланд шурӯъ мешавад. Рӯзи 13 феврал футболбозони тоҷик бо мунтахаби Ветнам ва дар даври ниҳоии гурӯҳӣ 15 феврал бо дастаи Тайван бозӣ хоҳанд кард. Ҳамаи бозиҳо бо ширкати мунтахаби Тоҷикистон дар маҷмааи варзишии «Универсал»-и Тошканд баргузор мешаванд.

Мунтахаби Узбакистон бошад, дар гурӯҳи «А» бо дастаҳои Лубнон, Қирғизистон ва Арабистони Саудӣ бозӣ мекунад.

Бар асоси қуръакашӣ дастаҳо ба чаҳор гурӯҳ тақсим шудаанд. Ҳар як гурӯҳ аз чаҳор даста иборат аст. Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба даври чаҳорякниҳоии қаҳрамонии Осиё роҳ меёбанд. Дар мавриди ба даври чорякфинал баромадан рақиби мунтахаби Тоҷикистон аз гурӯҳи «D» мешавад, ки ба он дастаҳои Австралия, Малайзия, Қатар ва Ҷопон дохиланд.

Бояд гуфт, ки панҷ дастаи беҳтарини қаҳрамонии Осиё дар Узбакистон соҳибони роҳхатҳо барои ширкат дар қисми ниҳоии қаҳрамонии ҷаҳон-2016 оид ба футзал мегарданд, ки аз 10 сентябр то 2 октябр дар Колумбия баргузор хоҳад шуд.

Ҳусейн Шодиев, сармураббии мунтахаби футзали Тоҷикистон, дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, “мо аз он хушҳолем, ки соли гузашта дар сабқати интихобии қаҳрамонии Осиё дар минтақаи Марказӣ, ки барои аввалин бор дар кишвари мо доир шуд, муваффақона бозӣ карда, ба марҳилаи ниҳоӣ роҳхат гирифтем. Вазифаи аввалиндараҷаи мо дар Тошканд дар сабқати гурӯҳӣ бомаваффақият бозӣ карда, ба даври баъдӣ роҳхат гирифтан аст.”

Ҳайати мунтахаби футзали Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2016:

Дарвозабонҳо: Фирӯз Бекмуродов («ДИСИ Инвест»), Муродулло Алиқулов («Газпром»), Фирӯз Юсуфзода («Соро компания»);

Бозигарон дар майдон: Мансур Мамедбобоев («Бонки миллӣ»), Некрӯз Алимаҳмадов, Файзалӣ Сардоров (ҳарду – ТКБ «Лизинг»), Арсен Фармонбеков, Собирҷон Гуляков, Шавкат Ҳалимов, Муҳаммад Раҳмонов, Раҳмоналӣ Шарифов (ҳама – «ДИСИ Инвест»), Дилшод Саломов, Меҳрубони Тиллозода (ҳарду – «Газпром»), Акбарҷон Ортиқов («Соро компания»).

Тақвими бозиҳои қаҳрамонии Осиё-2016 оид ба футзал

Гурӯҳи «А»: Арабистони Саудӣ, Қирғизистон, Лубнон, Узбакистон.

Гурӯҳи «В»: Ироқ, Урдун, Чин, Эрон.

Гурӯҳи «С»: Ветнам, Тайван, Тайланд, Тоҷикистон.

Гурӯҳи «D»: Австралия, Қатар, Малайзия, Ҷопон.

Бозиҳои марҳилаи гурӯҳӣ

10 феврал (чоршанбе)

16:00 – Ироқ – Чин

16:00 – Лубнон – Қирғизистон

19:00 – Урдун – Эрон

19:00 – Узбакистон – Арабистони Саудӣ

11 феврал (панҷшанбе)

16:30 – Тайланд – Тоҷикистон

16:30 – Ҷопон – Қатар

19:00 – Ветнам – Тайван

19:00 – Австралия – Малайзия

12 феврал (ҷумъа)

16:30 – Чин – Эрон

16:30 – Арабистони Саудӣ – Лубнон

19:00 – Урдун – Ироқ

19:00 – Қирғизистон – Узбакистон

13 феврал (шанбе)

16:30 – Тайван – Тайланд

16:30 – Малайзия – Ҷопон

19:00Тоҷикистон – Ветнам

19:00 – Қатар – Австралия

14 феврал (якшанбе)

16:30 – Эрон – Ироқ

16:30 – Чин – Урдун

19:00 – Узбакистон – Лубнон

19:00 – Қирғизистон – Арабистони Саудӣ

15 феврал (душанбе)

16:30 – Ҷопон – Австралия

16:30 – Малайзия – Қатар

19:00 – Тайланд – Ветнам

19:00 – Тайван – Тоҷикистон

Бозиҳои чорякниҳоӣ

17 феврал (чоршанбе)

16:00 – 1 «А» — 2 «В»

16:00 – 1 «С» — 2 «D»

19:00 – 1 «В» — 2 «А»

19:00 – 1 «D» — 2 «С»

Плей-офф барои ҷойи 5-ум

18 феврал (панҷшанбе)

16:00 – Мағлубшудаи 1 «А»/2 «В» — Мағлубшудаи 1 «С»/2 «D»

16:00 – Мағлубшудаи 1 «В»/2 «А» — Мағлубшудаи 1 «D»/2 «С»

19 феврал (ҷумъа)

Бозӣ барои ҷойи 5-ум

16:00 – Ғолиби 1 «А»-2 «В»/1 «С»-2 «D» — Ғолиби 1 «В»-2 «А»/1 «D»-2 «С»

Бозиҳои ниманиҳоӣ

16:00 – Ғолиби 1 «А»/2 «В» — 1 «С»/2 «D»

19:00 – Ғолиби 1 «В»/2 «А» — 1 «D»/2 «С»

21 феврал (якшанбе)

16:00 – Бозӣ барои ҷойи севум

19:00 – Бозии ниҳоӣ

XS
SM
MD
LG