Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ихроҷи 10 муҳоҷири тоҷик дар як рӯз


Акс аз сомонаи бахши ФМС дар вилояти Ярослав
Акс аз сомонаи бахши ФМС дар вилояти Ярослав

Хадамоти приставҳо ва ФМС - Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия дар вилояти Ярослав рӯзи 21 январ 27 муҳоҷири ғайриқонуниро ихроҷ кардаанд. Бино ба гузориши дафтари матбуоти идораи вилоятии ФМС, аз ҳудуди Ярослав 10 шаҳрванди Тоҷикистон, 15 шаҳрванди Узбакистон ва 2 муҳоҷир аз Қирғизистонро ихроҷ кардаанд. Додгоҳ ҳар кадоми онҳоро, бар иловаи ҳукми ихроҷ, ба маблағи 5 000 рубл ҷарима ҳам бастааст.

Онҳое, ки бо ҷурми вайрон кардани қоидаҳои будубош аз Русия ихроҷ ё берун карда мешаванд, барои муддат аз 3 то 5 сол ва дар бархе ҳолатҳо ҳатто барои 10 сол аз ҳаққи убури марзи ин кишвар маҳрум мешаванд.

Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, то 1 январ шумори онҳое, ки бо ҳукми додгоҳҳо аз ҳаққи бозгашт ба Русия маҳрум шудаанд, ба 333 391 нафар расидааст. Ин тақрибан сеяки 1 миллион муҳоҷири кории тоҷик дар Русияро ташкил медиҳад.

XS
SM
MD
LG