Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Истиқлол” боз бо ду бозигараш хайрухуш кард


“Истиқлол”-и Душанбе қарордодашро боз бо ду бозигари ҳайати порсолааш тамдид накард.

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони чаҳоркаратаи Тоҷикистон, қарордодашро боз бо ду бозигари ҳайати порсолааш - ҳимоятгари испаниягӣ Ҳосе Баллестер ва нимҳимоятгари мунтахаби миллии Тоҷикистон Хуршед Маҳмудов - тамдид накард. Ҳамакнун ҳарду ҳамчун футболбозони озод аз паи ҷустуҷӯи бошгоҳҳои нав хоҳанд шуд. Баллестер ба «Истиқлол» аз оғози мавсими порсола гузашта буд. Маҳмудов бошад, дар ҳайати “Истиқлол” ду соли ахир бозӣ кардааст.

Аз ин пеш аз «Истиқлол» ду легионер – ҳамлагар Бледа Родригес (Испания) ва ҳимоятгар Маҳдӣ Чоҳҷӯӣ (Эрон), инчунин се бозигари мунтахаби миллии Тоҷикистон - дарвозабон Алишер Тӯйчиев, ҳимоятгар Эраҷ Раҷабов ва нимҳимоятгар Умедҷон Шарифов -рафта буданд.

Ёдовар мешавем, роҳбарияти бошгоҳи футболи “Истиқлол”, бо мақсади ҷавонтар кардани ҳайати асосии даста чанд рӯз пеш бо чаҳор бозигари тимҳои мунтахаби ҷавонон (U-22) ва миллии Тоҷикистон – нимҳимоятгарон Ҷаҳонгир Алиеви 19-сола (“Хуҷанд”), Нозим Бобоҷонови 20-сола ва Фаридун Шарифови 21-сола (ҳарду - Регар-ТадАЗ»), инчунин дарвозабон Эмомалӣ Сониеви 19-сола (“Барқи тоҷик”) ба муҳлати се сол шартнома баста буд.

Ба иттилои Рустам Ҳакимов, сухангӯи бошгоҳи футболи “Истиқлол”, феълан дар ҳайати даста, ки ба Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2016 омодагӣ мебинад, якчанд бозигар аз кишварҳои хориҷӣ, инчунин футболбозони тоҷик, ки дар мавсими соли гузашта хуб ҳунарнамоӣ кардаанд, аз санҷиш мегузаранд.

Дастаи “Истиқлол” давраи дувуми омодагиашро ба мавсими нави футбол дар Анталияи Туркия мегузаронад. Футболбозони Душанбе ба Туркия рӯзи 31 январ сафар мекунанд. Ҷамъомади таълимиву тамринии даста дар он ҷо то рӯзи 14 феврал идома хоҳад кард.

“Дар ҷараёни омодагиҳо ба мавсими нави футбол «Истиқлол» дар Анталия баргузории чаҳор бозии санҷиширо бо бошгоҳҳои хориҷӣ ба нақша гирифтааст”, - иброз дошт Рустам Ҳакимов.

Пеш аз сафар ба Туркия “Истиқлол” бо дастаи «Хуҷанд»-и Хуҷанд, ҷоизадори нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон, бозии санҷишӣ анҷом медиҳад. Ин бозӣ рӯзи ҷумъаи 29 январ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 14:00 шурӯъ мешавад. Зимнан, ду бозии пешини санҷишӣ байни ин ду даста дар шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд бо натоиҷи мусовии 1:1 ва 2:2 хотима ёфта буд.

XS
SM
MD
LG