Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вазир: Сокинон 13 соат бо нерӯи барқ таъминанд


Усмоналӣ Усмонзода

Усмоналӣ Усмонзода

Вазири энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳоло сокинони навоҳии кишвар дар як шабонарӯз 13 соат нерӯи барқ мегиранд ва ин вазъ дар муқоиса ба солҳои қаблӣ хеле беҳтар аст. Усмоналӣ Усмонзода дар ин бора 27 январ дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе иттилоъ дод ва гуфт, ки шахсан вазъро таҳти назорат дорад.

"Сари чанд вақт ба сокинони навоҳии кишвар занг зада, мепурсам, ки чанд соат нерӯи барқ мегиранд? Ҳоло ҳар хонавода дар шабонарӯз бояд 13 соат нерӯи барқ гиранд. Ин таҳти назорати қатъии ҳукумати Тоҷикистон ва вазорати мо мебошад," -- афзуд ӯ.

Тоҷикистон дар мавсими сармо ба камбуди шадиди нерӯи барқ рӯбарӯ мешавад ва ба ин далел, дар аксари манотиқаш, асосан дар рустоҳо, лимити нерӯи барқ ҷорӣ мекунад. Лимити барқ дар Тоҷикистон маъмулан аз моҳи октябр то моҳи апрел давом мекунад.

XS
SM
MD
LG