Пайвандҳои дастрасӣ

27 январ дар қаламрави Афғонистон дар наздикии марз бо Тоҷикистон зилзила рух додааст. Дар ин бора Хадамоти ҷуғрофиёии Амрико хабар додааст. Шиддати зилзила 5,2 дараҷаи ҷадвали Рихтерро ташкил додааст.

Бино ба хабари ин манбаъ, маркази такконҳои зерзаминӣ дар 28 километрии шарқи шаҳри Толеқони Афғонистон ва дар 218 километрии ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе будааст.

Таккон дар 308,6 километрии зери замин руз додааст. Дар бораи харобиҳо ва талафот гузориш дода намешавад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG