Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Муҳоҷирон дар Петербург ним миллион кам шудаанд


Муҳоҷирони тоҷик дар яке аз "мардикорбозор"-ҳои шаҳри Санкт-Петербург

Муҳоҷирони тоҷик дар яке аз "мардикорбозор"-ҳои шаҳри Санкт-Петербург

Дар соли 2015 шумори муҳоҷирон дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия 500 ҳазор нафар коҳиш ёфтааст. Елена Дунаева, раҳбари идораи шаҳрии ФМС- Хададамоти федеролии муҳоҷирати Русия – рӯзи 27 январ ба хабарнигорон гуфт, дар соли гузашта мақомоти ФМС дар Петербург 1,7 миллион муҳоҷири хориҷиро сабти ном кардаанд, ки назар ба соли 2014 ҳудуди 340 ҳазор ё 16 дарсад камтар аст. Дар айни замони шумори муҳоҷироне, ки дар соли 2015 аз қайди ФМС берун шудаанд, 150 000 нафар бештар шудааст. Коҳиши шумори муҳоҷирон дар Петербург ва манотиқи дигари Русияро ба коҳиши қурби рубл бастагӣ медиҳанд, ки боиси башиддат кам шудани даромади муҳоҷирон шуд. Ба ҳисоби ҷамъиятҳои тоҷикони Петербург, дар ин шаҳр ва вилояти Ленинград ҳудуди 200 ҳазор муҳоҷири тоҷик кору зиндагӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG