Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рӯҳонӣ: Муносиботи беҳтар ба Амрико вобаста аст


Ҳасан Рӯҳонӣ

Ҳасан Рӯҳонӣ

Ҳасан Рӯҳонӣ-раиси ҷумҳури Эрон гуфт, ки кишвари вай метавонад бо Амрико муносиботи беҳтар дошта бошад, вале он ба Вашингтон вобаста аст, ки мавзеъгирии “хасмона”-и худ нисбат ба Теҳронро тағир диҳад.

Вай дар Рум гуфт, “имкон ҳаст, ки Эрону Амрико муносибатҳои дӯстона дошта бошанд, вале калиди он дар дасти Вашингтон аст, на дар дасти Теҳрон.

Дар давоми тақрибан ду даҳсола бори аввал раиси ҷумҳури Эрон аз Аврупо ба таври расмӣ боздид мекунад ва баъд аз лағви таҳримҳо мехоҳад сармояҳои хориҷиро ба иқтисоди кишвараш ҷалб кунад. Таҳримҳои зидди Эрон 16 январ лағв шуданд.

Рӯҳонӣ дар идомаи боздидаш аз Аврупо 27 январ аз Италия ба Фаронса меравад ва рӯзи дигар бо Франсуа Олланд-раиси ҷумҳури Фаронса дидор ва гуфтугӯ мекунад.

XS
SM
MD
LG