Пайвандҳои дастрасӣ

Интиқоди Freedom House аз вазъи озодии баён дар Тоҷикистон


Созмони байналмилалии Freedom House аз вазъи озодӣ дар Тоҷикистон интиқод карда, ин кишварро ба ҷумлаи кишварҳои "ноозод" ворид кардааст. Тоҷикистон дар гузориши солонаи ин созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқу озодиҳои сиёсӣ дар радифи 10 мамлакати ақибмонда дар заминаи таъмини ҳуқуқу озодиҳои мардум, чун Афғонистон, Ироқ, Туркманистону Узбакистон ҷой гирифтааст.

Ҳамчунин, дар гузориши солонаи ин созмон, ки рӯзи 27 январ дар торнамои созмони Freedom House мунташир шуд, ба фишору маҳдудсозии фаъолияти мухолифон тавассути интихоботҳои ғайришаффоф дар Тоҷикистон ишора шудааст.

Freedom House аз ҷумла дар гузоришаш навиштааст, "ҳукумати президент Эмомалӣ Раҳмон, ки аз соли 1992 ба ин кишвар раҳбарӣ мекунад, ноил шуд, то ҳизби мухолифи наҳзати исломӣ тамоми курсиҳояшро дар интихоботи парлумонӣ аз даст бидиҳад." Бино ба ин гузориш, мақомоти Тоҷикистон баъди интихобот "саркӯби ин ҳизбро дар тӯли чандин моҳи баъдӣ афзоиш дода, раҳбаронашро боздошт карданд ва ин созмонро, ки танҳо гурӯҳи исломии қонунӣ дар Осиёи Марказӣ буд, комилан нотавон карданд."

Дар ин гузориш аз ҷумлаи 195 кишвари ҷаҳон 86 кишвар озод ва вазъият дар 50 минтақаи дунё "бӯҳронӣ" арзёбӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG