Пайвандҳои дастрасӣ

Де Мистура: Даъватномаҳо фиристода шуданд


Стаффан де Мистура

Стаффан де Мистура

Дафтари намояндаи вижаи СММ дар умури Сурия Стаффан де Мистура рӯзи 26 январ даъватномаҳо ба ширкаткунадагони музокироти сулҳи Сурияро фиристод. Як рӯз пеш ӯ хабар дода буд, ки музокироти сулҳи Сурия дар шаҳри Женева рӯзи 29 январ шурӯъ мешавад ва интизор меравад, ки дар он ҳайати ҳукумати Димишқ, намояндагони гурӯҳҳои мухолифин, аъзои ҷомеъаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои занон ширкат кунанд.

Дар бораи он ки даъватномаҳо ба киҳо фиристода шудаанд, иттилоъ дода намешавад. Сухангӯи намояндаи вижаи СММ дар умури Сурия Хавла Маттар ба хабаргузории Associated Press гуфт, теъдод ва ному насаби даъватшудаҳо то он замоне, ки посухашон ба даъватнома маълум нашавад, ошкор нахоҳад шуд.

Музокироти сулҳи Сурия дар шаҳри Женева бояд рӯзи 25 январ шурӯъ мешуд, аммо бар асари ихтилофи назари Русияву Эрон ба гурӯҳҳое, ки аз мухолифини ҳукумати Димишқ намояндагӣ мекунад, ба таъхир уфтод.

Де Мистура қаблан гуфта буд, ки дар музокирот бо миёнҷигарии СММ аввал ба рӯи имкони оташбаси густурда ва афзоиши кӯмаки башарӣ ва сипас ба масоили таҳияи Қонуни асосӣ ва интихоботи оянда дар Сурия тамаркӯз хоҳад шуд.

Бар асари низоъ, ки панҷ сол боз дар Сурия идома дорад, тақрибан 250 ҳазор нафар ба ҳалокат расида, тақрибан 11 миллион аз суриягиҳо манзилҳои худро тарк намуданд.

XS
SM
MD
LG