Пайвандҳои дастрасӣ

Изҳороти КДАМ: Ягон узви "Алфа" фирор накардааст


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон сарусадо дар бораи фирори як гурӯҳ аз кормандони Воҳиди махсуси зиддитеррористии "Алфа"-и ин ниҳодро дар вилояти Бадахшон рад кард. Ин ниҳод 26 январ бо нашри изҳороти расмӣ гуфт, ки "кӯшиши мазкур аз тарафи гурӯҳҳои манфиатдори дохиливу хориҷӣ роҳандозӣ карда шуда, барои гумроҳсозии ҷомеа ва ташаннуҷи сулҳу субот дар мамлакат равона гардидааст."

Дар ин изҳорот таъкид шудааст, ки ҳоло тамоми ниҳодҳои зертобеи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вазъи муқаррарӣ ба фаъолияташон идома медиҳанд. "Бинобар ин, аз кулли шаҳрвандони кишвар хоҳиш карда мешавад, ки ба ҳар гуна овозаҳои бардурӯғ ва беасос бовар накунанд," - таъкид шудааст дар изҳорот.

Дар пайи чораҳои шадиди амниятӣ, ки рӯзи 24 январ дар Душанбе ва манотиқи дигари Тоҷикистон роҳандозӣ шуд, сарусадое ба вуҷуд омад, ки гӯё 11 ё 12 тан аз кормандони гурӯҳи "Алфа" дар вилояти Бадахшон фирор кардаанд. Овозае, ки баъди се рӯзаш Кумитаи давлатии амнияти миллӣ онро рад кард.

XS
SM
MD
LG