Пайвандҳои дастрасӣ

Ду таркиши маргбор дар шаҳри Ҳумси Сурия


Баъд аз таркишҳо

Баъд аз таркишҳо

Бар асари ду таркиши паиҳам дар шаҳри Ҳумси Сурия, ки таҳти назорати нерӯҳои ҳукуматӣ қарор дорад, 22 нафар кушта ва беш аз сад каси дигар маҷрӯҳ шуданд.

Ба гуфтаи волии Ҳумс, аввал як мошини ҳомили маводи тарканда рӯзи 26 январ дар постгоҳи нерӯҳои амниятӣ мунфаҷир шуд. Сипас, бино ба хабари расонаҳои давлатӣ, як маргталаб камарбанд бо маводи мунфаҷираро тарконд.

Шабакаи телевизионии Ал-Мадайин, мақараш дар Лубнон, наворҳои мағозаву биноҳои тахрибшуда ва осебдидаи атрофи таркишҳоро нашр кард.

Ҳумс саввумин шаҳри бузурги Сурия маҳсуб мешавад ва мардуми он соли 2012 алайҳи ҳукумат бархоста буданд. Нерӯҳои ҳукуматӣ барои аз шаҳр берун кардани теъдоди бузурги мусаллаҳони мухолифи давлат муваффақ шудаанд.

XS
SM
MD
LG