Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тахриби лифт боиси марги як тоҷик шуд


Дар яке аз майдонҳои сохтмонии шаҳри Маскав бар асари аз ошёнаи ҳафтум ба зер афтодани лифт як шаҳрванди 19-солаи Тоҷикистон кушта шуда ва шаҳрванди 20-солаи дигар бо ҷароҳати сангин ба бемористон интиқол ёфтааст.

Хабаргузории “Интерфакс” аз қавли манобеъи Кумитаи тафтишоти Русия навиштааст, ин ҳодиса субҳи рӯзи 25 январи соли ҷорӣ дар майдони сохтмонии бинои бисёрошёна дар кӯчаи Ижорскаяи Маскав рух дода ва феълан бозрасҳо иллати вуқӯъи ин ҳодисаи нохушро тафтиш мекунанд.

Тибқи маълумотҳои муқаддамотӣ, дағалона вайрон шудани қоидаҳои бехатарӣ ва беэҳтиётии ин ду коргар мунҷар ба ҳодисаи нохуш шудаааст.

XS
SM
MD
LG