Пайвандҳои дастрасӣ

Риши Тутанхомун ҳашт нафарро ба додгоҳ кашид


Ҳашт корманди яке аз осорхонаҳои Миср барои кандани риши Тутанхомун аз ниқоби тилоӣ ва пинҳон кардани ин ҳодиса айбдор мешаванд.

Додгоҳи маъмурии Миср таҳқиқи қазияи ҳашт ходими яке аз осорхона (музей)-ҳои ин кишварро оғоз кардааст. Ин афрод барои кандани риши подшоҳи ҷавони Мисри бостон - фиръавн Тутанхомун (توت‌عنخ‌آمون) ва пинҳон кардани ин ҳодиса муттаҳам мешаванд.

Коршиноси олмонӣ Кристиан Экман, ки аз тарафи вазорати ёдгориҳои бостонии Миср барои таҳқиқи зарар даъват шудааст, мегӯяд, ки ниқоб қобили тармим аст: "Ба ниқоб чизе таҳдид намекунад. Зиёни расонидашударо метавон ислоҳ кард."

Аммо Экман мегӯяд, "соли 1924, вақте ниқобро ба осорхонаи Қоҳира оварда буданд, риш бо ниқоб ҳамроҳ набуд. Ришро бори аввал дар соли 1941 ба ниқоб пайваст кардаанд. Мутаассифона, моҳи августи гузашта ҳангоми тағйири рӯшноӣ касе ба ниқоб даст расонд ва риш аз ниқоб ҷудо шуд. Эҳтимол сабаби ҷудошавии риш сифати ширеш бошад."

Тутанхомун дар синни даҳсолагӣ рӯи тахти шоҳии Миср нишаста, аз соли 1332 то соли 1323-уми қабл аз милод ҳукумат рондааст. Дар масъалаи марги Тутанхомуни 19-сола фарзияи зиёд аст. Бар асоси яке аз онҳо фиръавни ҷавон аз беморӣ – эҳтимол бемории вараҷа – ба ҳалокат расидааст, зеро дар ҷасади ӯ изи давоҳои қадимии зидди вараҷа ташхис шуда буд. Бар пояи фарзияи дигар Тутанхомун аз ароба афтида, пояшро шикаста буд ва ҳамин захм боис ба марги ӯ шудааст.

Қабри Тутанхомун солҳои бистуми қарни гузашта аз тарафи бостоншиноси англис Ҳовард Картер ёфт шудааст. Вижагии қабри Тутанхомун ин аст, ки то Картер касе ба он роҳ наёфта буд ва дар баробари ҷасади фиръавни ҷавон тамоми ашёи ӯ - аробаи шоҳӣ, қандилҳо, ҷавоҳирот, катибаҳо ва ҳатто мӯи сари модарбузурги Тутманхомун дар дохили қабр буданд. Ин кашфиёти бузургтарини илми бостоншиносии муосир ба шумор меравад.

Дар ҳоли исбот шудани айбнома кормандони осорхона ҷазои маъмурӣ хоҳанд гирифт, яъне ё аз вазифа барканор мешаванд ва ё маоши онҳо коҳиш хоҳад ёфт.

XS
SM
MD
LG