Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

“Истиқлол”-и Душанбе давраи дувуми омодагиашро ба мавсими нави футболдар Анталияи Туркия анҷом медиҳад

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони чаҳоркаратаи Тоҷикистон,давраи дувуми омодагиашро ба мавсими нави футбол дар Анталияи Туркия мегузаронад. Ба иттилои Рустам Ҳакимов, сухангӯи бошгоҳи “Истиқлол”,футболбозони Душанбе ба Туркия рӯзи 31 январ сафар мекунанд. Ҷамъомади таълимиву тамринии даста дар он ҷо то 14 феврал идома хоҳад кард.

“Дар ҷараёни омодагиҳо ба мавсими нави футбол «Истиқлол» бо бошгоҳҳои хориҷӣ баргузории чаҳор бозии санҷиширо ба нақша гирифтааст”, - иброз дошт Рустам Ҳакимов.

Пеш аз сафар ба Туркия “Истиқлол” бо дастаи «Хуҷанд»-и Хуҷанд, ҷоизадори нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон, бозии санҷишӣ анҷом медиҳад. Ин бозӣ рӯзи ҷумъаи 29 январ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 14:00 шурӯъ мешавад. Зимнан, ду бозии пешини санҷишӣ байни ин ду даста дар шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд бо натоиҷи мусовии 1:1 ва 2:2 хотима ёфта буд.

Ёдовар мешавем, дастаи “Истиқлол” дар доираи омодагиҳо ба Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) дар шаҳри Тошканд ду бозии санҷишӣ анҷом дод. 19 январ “Истиқлол” бозии санҷиширо бо «Олмалиқ»-и вилояти Тошканд бо ҳисоби мусовии 1:1 ба охир расонд. Ҳисобро дар дақиқаи 18-уми бозӣ Александр Каблаш, легионери украинии “Истиқлол”, ки алъон аз санҷиш мегузарад, боз кард. Голи ҷавобиро Ислом Исҳоқҷонов, бозигари “Олмалиқ”,дар оғози нимаи дувуми дидор ба ҳадаф расонд.

Бозии дувуми санҷиширо “Истиқлол” дар Тошканд ба тими «Нефтчӣ»-и Фарғона, қаҳрамони панҷкаратаи Узбакистон, бо ҳисоби 0:1 бохт. Голи ягонаро ба дарвозаи футболбозони Душанбе Мурод Бобоҷонов дар нимаи аввали бозӣ, дар дақиқаи 28-ум, зад.

XS
SM
MD
LG